Омӯзиши собиқ маҳкумшудагон барои пешбурди соҳибкории иҷтимоӣ

Омӯзиши собиқ маҳкумшудагон барои пешбурди соҳибкории иҷтимоӣ

Аз 2 то 5 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” барои собиқ маҳкумшудагон тренинг оиди соҳибкории иҷтимоӣ баргузор шуд.

Дар тренинг, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонуният” дар чаҳорҷӯбаи лоиҳаи болозикр баргузор шуд, 15 нафар собиқ маҳкумшуда аз монтиқи кишвар иштирок карданд, ки дар бораи банақшагирии тиҷорат ва рушди шахсӣ аз мураббиёни ботаҷриба Ғайратов Давлт, мутахассис оиди банақшагирии тиҷорат ва Умеда Садритдинова, директори ТҶ “Корвони Умед” омӯзиш гирифтанд.

Мақсади омӯзиши собиқ маҳкумшудагон шиносоӣ бо намудҳои тиҷорат дар кишвар, муҳимияти риояи қонунгузорӣ дар ин самт, омода намудани нақшаҳои тиҷоратии онҳо барои дарёфти грантҳои хурд ва билохира амалӣ намудани соҳибкории иҷтимоиӣ гуфта мешавад.

Бону (ном бо хоҳиши ҳамсуҳбат иваз шудааст), зани 46 солаест, ки тибқи моддаи 247 банди 4 (қаллобӣ) беш аз се соли ҳаёти худро дар маҳбас гузарондааст. Аз иштирок дар тренинги мазкур умед дорад, ки бо донишҳои андӯхтааш метавонад орзуи деринаашро амалӣ гардонад: “Ҳангоми дар маҳбас буданам якчанд курсҳои такмили ихтисос гузаштам ва баъди озод шуданам тасмим гирифтам, ки толори зебоӣ мекушоям ва бо ин роҳ зиндагии худро пеш мебарам. Чун соҳиби чор фарзанд ҳастам, мехоҳам, ки онҳо аз ҳама ҷиҳат таъмин бошанд”, - иброз намуд Бону.

Раҳим (ном бо хоҳиши ҳамсуҳбат иваз карда шудааст) ҷавони 28 солаест ва иштирокчии тренинги мазкур, ки нияти баъди омӯзиш боз кардани кори тиҷоратии хурди худро дорад. “Ман баъд аз озод шудан бо кӯмаки ҳамин ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонуният” дар Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон се курс – челонгар (электрик), муҳандиси барқӣ (электрик) ва кафшергари барқӣ (сварщик) хонда, шаҳодатнома гирифтаам. Бо иштирок дар ин тренинг, мехоҳам дар самти пешбурди соҳибкорӣ маълумот гирифта, бо харидории асбабҳои кафшергарӣ зиндагии худро пеш барам”, - гуфт Раҳим.

Тавре директори ТҶ “Идораи ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонуният” ин бори аввал нест, ки ташкилоти мазкур ба ин қишри осебпазири ҷомеа барномаҳои таълимӣ мегузаронад. «Қаблан мо як давраи чунин тренингҳоро барои ашхоси озодшуда аз маҳбасҳо гузаронида будем ва пас аз анҷоми омӯзиш миёни иштирокчиён ва дигар баҳрабардорони мо барои дарёфти грант дар шакли таҷҳизот ва дигар лавозимоти корӣ озмуни пӯшида эълон карда будем, то онҳо тавонанд ё кори мавчудаи худро мустаҳкам кунанд, ё фаъолияти наверо шуруъ намоянд. Онҳое, ки дар озмуни мо дар соли 2021 ғолиб омадаанд ва ҳашт нафар то ҳол ҳам тиҷорати худро бомуваффақият пеш мебаранд”, - гуфт Зокирова.

Тибқи иттилои ташкилкунандагон дар чаҳорчӯби ин лоиҳа низ дар назар аст, ки пас аз хатми курси соҳибкории иҷтимоӣ ва банақшагирии тиҷорат, озмуни пӯшида эълон карда мешавад, ки дар натиҷа 8 дархост интихоб мешавад. Тавре хонум Зокирова қайд кард, ҳамчунин онҳо барои иштирокчиёни тренинги мазкур дар гирифтани шаҳодатномаи соҳибкорӣ кӯмак мекунанд.

«Яке аз бартарияти ин барномаи таълимӣ ва лоиҳа дар он аст, ки мо на танҳо ба баҳрабарандагони худ малакаҳои соҳибкорӣ меомӯзем, балки ба онҳо имконият дода мешавад, то тиҷорати худро оғоз кунанд, ё кори мавҷудбудаи хешро мустаҳкам намоянд, ва дар маҷмӯъ ин ба онҳо имконият фароҳам меорад, ки на танҳо оилаи худро таъмин кунанд, балки дигар собиқ маҳкушудагонро низ бо кор таъмин намоянд. Ин яке аз тадбирҳои ба ҷомеа бозгардонидани ин тоифаи шаҳрвандон пас аз озод шудан аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ мебошад. Фикр мекунам, маҳз ҳамин гуна барномаву лоиҳаҳо ба ин қишри ҷомеа имкони хуб медиҳанд, ки дубора ба худ, ба нерӯи худ бовар карда, ба зиндагии муқаррарӣ баргарданд», - гуфт Наргис Зокирова.

Маврид ба ёдоварист, ки оғоз лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” аз соли 2014 аз ҷониби DVV International дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон фаъолият мекунад.

М.Нозимӣ

Ин мавод дар доираи лоиҳаи «Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон» бо мусоидати молии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд омода ва нашр шудааст. Лоиҳа аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ – “Ҷаҳон” ва “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонқният” амалӣ мешавад. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.

BHR