ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ
Форуми 3-юми пенитенсиарии Тоҷикистон:
рушди пробатсия, тавонбахшӣ ва муқовимат ба тундгароӣ (радикализатсия)
Душанбе, 20 ноябри соли 2025. Дар пойтахти Тоҷикистон Форуми 3-юми пенитенсиарӣ баргузор мегардад — минбари миллии сатҳи баланд, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, низоми судӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро ҷиҳати баррасии ҷанбаҳои асосии ислоҳоти низоми иҷрои ҷазо дар кишвар муттаҳид месозад.
Ин чорабинӣ аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ) бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо (ИА), дафтари барномавии САҲА дар Душанбе, Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид, инчунин дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои шарики ҷомеаи шаҳрвандӣ — ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», ФҶ «Ташаббуси Ҳуқуқӣ», ТҶ «Дунёи ҳуқуқ», МТС «Зеркало», Prison Insider, Perspectivity Challenge ва Маркази байналмилалии рушд ва адолат (CDJI) баргузор мешавад.
Форум дар марҳилаи муҳим доир мегардад, зеро Тоҷикистон марҳилаи аввалини амалисозии Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро ба анҷом расонида, ба таҳияи Нақшаи амали солҳои 2026–2030 оғоз менамояд.
Солҳои охир кишвар ба дастовардҳои муҳим ноил гардид: шароити нигоҳдорӣ беҳтар шуд, барномаҳои тавонбахшӣ ва омодагии касбӣ густариш ёфтанд. Ҳар сол беш аз 9000 маҳкумшуда дар барномаҳои таълимӣ ва меҳнатие иштирок мекунанд, ки ба ҷомеа бозмутобиқсозии онҳо баъди озодшавӣ равона шудаанд.
Дар сухани ифтитоҳии худ Умаров Мансурҷон Ғаффорович - муовини вазир - сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд: «Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №385 тасдиқ гардидааст, санади муҳимми сиёсӣ дар соҳаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба шумор рафта, он таҷассумгари таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва идоракунӣ, беҳтар намудани шароити нигоҳдорӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳамгироии маҳкумшудагон ба ҷамъият равона гардидааст. Имрӯз метавон гуфт, ки Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳамчун як санади муҳимми давлатӣ барои рушди устувор ва инсонмеҳвари соҳа хизмат мекунад».
«Ман хеле хушҳол, ки дар инҷо ҳузур дорам, зеро чорабинии имрӯза идомаи равандии ҳамкории мебошад, ки соли 2019 бо Форуми аввалини пенитенсиарӣ оғоз шуда буд. Ин форум бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо, ҳамкорӣ бо маъмурияти СРИҶҶ, сафоратхонаҳо ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид. Мумкин аст гуфт, ки мо шарикии мустаҳкамро байни мақомотҳои Тоҷикистон, ҷомеаи байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ эҷод кардем ва Форумии имрӯза арзишмандии ин ҳамкориро нишон медиҳад», — таъкид кард Радослав Дарски, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон».
Форум ба се самти муҳим равона шудааст: рушди пробатсия ва чораҳои ивазкунандаи ҷазои ҳабс — ҷорӣ намудани усулҳое, ки сатҳи такрори ҷинояткориро коҳиш медиҳанд ва бозмутобиқсозиро беҳтар мегардонанд; мубориза бо экстремизми оштинопазир ва тундгароӣ — мубодилаи таҷриба дар самти пешгирӣ ва тавонбахшӣ; чораҳои тавонбахшӣ барои ноболиғон — татбиқи усулҳои мутобиқ ба ҳуқуқи кӯдак ва меъёрҳои байналмилалӣ.
«Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ талошҳои СРИҶҶ-ро дар самти татбиқи Қоидаҳои ҳадди ақали СММ оид ба муносибат бо маҳкумшудагон — Қоидаҳои Нелсон Мандела — баланд арзёбӣ мекунад. Дар солҳои охир дар Тоҷикистон механизмҳои нави идорӣ ҷорӣ карда мешаванд, ки самаранокии кор бо маҳкумшудагони хатари баланд ва пешгирии экстремизм дар дохили муассисаҳоро беҳтар месозанд», — қайд намуд Мадина Сариева, ҳамоҳангсози байналмилалии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ.
Яке аз мавзӯъҳои марказии форум - қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пробатсия» ва таъсиси Хадамоти миллии пробатсия мебошад. Ин иқдомҳо имкони васеъ намудани истифодаи чораҳое, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ вобаста нестанд, фароҳам оварда, барои маҳкумшудагон дастгирии инфиродӣ таъмин менамояд, сарбории низомии маҳбасҳоро кам мекунад.
«ТҶ Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» зиёда аз даҳ сол аст, ки ба раванди ислоҳот саҳм мегузорад. Мо меъёрҳои байналмилалиро оид ба муносибат бо маҳкумшудагон тарғиб намуда, кормандони низоми пенитенсиариро омода мекунем ва ба рушду татбиқи пробатсия ҳамчун альтернативаи муосири ҷазои ҳабс мусоидат менамоем», — гуфт Наргис Зокирова, директори ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният».
«Барои мо муҳим аст, ки на танҳо мушкилотро дар соҳаи ҳуқуқи инсон муайян кунем, балки ба ҳалли системавии онҳо мусоидат намоем. Мо кормандони низоми пенитенсиариро ба меъёрҳои ҳуқуқи инсон омӯзонда, ба ҷорӣ шудани таҷрибаҳое ёрӣ мерасонем, ки эҳтироми шаъну шарафи инсон меъёр мегардад»,— таъкид кард Гулчеҳра Холматова, директори ТҶ «Дунёи ҳуқуқ».
«Дар маркази таваҷҷӯҳи барномаҳои мо — кӯдакон ва ҷавонони маҳкумшуда қарор доранд. Тавонбахшӣ бояд ӣа суръати мунтазам бошад, на якдафъаина. Кор оид ба реинтегратсияи иҷтимоӣ ва дастгирии равонии онҳо кафолат медиҳад, ки ҳуқуқ ва шаъну шарафи онҳо дар тамоми зинаҳои адлия риоя карда шавад», — зикр намуд Гулчехра Рахманова, директори ФҶ «Ташаббуси Ҳуқуқӣ».
«Форум ба минбаре табдил ёфт, ки мутахассисони кишварҳои гуногун ва бахшҳои мухталиф роҳҳалҳои воқеӣ таҳия мекунанд, ки метавонанд низомро аз дарун тағйир диҳанд. Ислоҳоти устувор танҳо дар шароите имконпазир аст, ки иродаи сиёсӣ, касбият ва муносибати инсонгароёна ба ҳар шахси маҳрум аз озодӣ якҷо амал кунанд», — гуфт Азамат Шамбилов, президенти Маркази байналмилалии рушд ва адолат (CDJI).
Форум зиёда аз 100 иштирокчӣ-ро — аз ҷумла намояндагони Вазорати адлия, Суди Олӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҳайатҳои дипломатӣ ва доираҳои илмӣ — ба ҳам овард.
Форум бо таҳияи маҷмӯи тавсияҳо оид ба таҳкими низоми пробатсия, пешгирии экстремизм ва беҳтар намудани шароити кори кормандони муассисаҳои пенитенсиарӣ, инчунин муаррифии лоиҳаи Нақшаи амал барои татбиқи Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷичикстон барои давраи то соли 2030 ҷамъбаст мегардад.
Чорабинӣ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаҳои зерин баргузор мешавад:
- «Пешбурди ҳуқуқҳои бунёдӣ: тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешгирии шиканҷа ва табдили маҳбасҳо баҳри ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон»
(аз ҷониби ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», ФҶ «Ташаббуси Ҳуқуқӣ» ва Prison Insider амалӣ мегардад); - «Тақвияти иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат дар самти ҳисоботдиҳӣ ва пешгирии шиканҷа тавассути ташаббусҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон»
(аз ҷониби ТҶ «Дунёи ҳуқуқ», МТС «Зеркало» ва Perspectivity Challenge амалӣ мегардад);
ва инчунин бо дастгирии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи лоиҳаҳои амалӣшаванда бо СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкории Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид ва САҲА.
Шахсони масъул барои тамос:
Наргис Зокирова, Гулнора Бекназарова
📧 Email: zokirovan@gmail.com, gb@zerkalo.tj
📞 Телефон: +992 93 420-35-01; +992 93 525-56-66
- 3 views