Дар Тоҷикистон ташаббус оид ба рушди роҳбарии ҷавонон ва ҳуқуқи инсон оғоз меёбад
Душанбе, 11.02.2026 – Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои миллии «Илмхона» ва «СПИН Плюс» дар Тоҷикистон ташаббуси «Тавсеаи имкониятҳои насли нав: ҷавонони сарвар, таҳаввули рақамӣ ва ислоҳоти ҳуқуқӣ барои ҷомеаи шаҳрвандии фарогир ва устувор дар Тоҷикистон»-ро роҳандозӣ менамояд. Лоиҳа бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ гардида, ба таҳкими иқтидори ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, густариши иштироки ҷавонон ва занон, инчунин пешбурди ислоҳоти фарогир ва бар асоси ҳуқуқи инсон равона шудааст.
Ин ташаббус ба дастгирии рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар тавассути васеъ намудани дастрасӣ ба захираҳои рақамӣ, таҳкими устувории молиявӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои иштироки шаҳрвандон равона мегардад. Дар доираи лоиҳа садҳо намояндаи ташкилотҳoи ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҶШ), ҷавонон, занон ва фаъолон аз гурӯҳҳои осебпазир имконияти иштирок дар омӯзишҳо оид ба соҳибкории иҷтимоӣ, малакаҳои рақамӣ, инноватсияҳои civic-tech ва фаъолияти ҳимояи ҳуқуқи инсонро ба даст меоранд. Аз ҷумла, мактабҳои тобистонаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон барои ҷавонон баргузор мешаванд, таҷрибаомӯзӣ дар ТҶШ пешсаф ташкил мегардад ва барномаҳои омӯзишӣ оид ба таҳияи гузоришҳои алтернативӣ ба ниҳодҳои шартномавии СММ роҳандозӣ мегарданд. Лоиҳа инчунин ба тақвияти мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва баргузории маъракаҳои иттилоотии миллӣ зидди тамғагузорӣ ва табъиз мусоидат хоҳад кард.
Интизор меравад, ки татбиқи ташаббус ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии устувор, аз ҷиҳати технологӣ рушдёфта ва фарогир мусоидат намуда, он қодир хоҳад буд, ки бо мақомоти давлатӣ муколамаи муассир ба роҳ монда, ҳуқуқи инсонро ҳимоя кунад ва дар рушди фазои ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии Тоҷикистон саҳм гузорад.
Барои гирифтани маълумоти бештар, лутфан бо Директори ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», Наргис Зокирова, тамос гиред: zokirovan@gmail.com.
Лоиҳаро амалӣ менамояд:
ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» |
Иттиҳоди Аврупо
|
Дар бораи Иттиҳоди Аврупо: Иттиҳоди Аврупо як иттиҳоди иқтисодӣ ва сиёсист, ки 27 кишвари аврупоиро муттаҳид мекунад. Он ба арзишҳои эҳтироми шаъну шарафи инсон, озодӣ, демократия, баробарӣ, волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи ақаллиятҳо, асос ёфтааст. Иттиҳоди Аврупо дар сатҳи ҷаҳонӣ фаъолият намуда, ба рушди устувори ҷомеа, муҳити зист ва иқтисод мусоидат мекунад, то ҳамаи шаҳрвандон аз он баҳра баранд. Иттиҳоди Аврупо аз соли 1992 дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва ҳар сол тақрибан 35 миллион евро ёрии рушд пешниҳод мекунад.
|
- 3 просмотра
