Варақаи иттилоотӣ

Варақаи иттилоотӣ

 

Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба масъалаҳои батасвибрасонии ПИ КЗШ ва таъсиси ММП дар Тоҷикистон баргузор гардид

Душанбе, 04 феврали соли 2026 — 3 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор гардид, ки ба Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи СММ зидди шиканҷа (ПИ КЗШ), омӯзиши роҳҳои батасвибрасонии он ва таъсиси Механизми миллии пешгирикунанда (ММП) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.

Дар чорабинӣ намояндагони Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатии кишвар, инчунин сафирони Иттиҳоди Аврупо, Британияи Кабир ва дигар давлатҳои дар Тоҷикистон аккредитатсияшуда, аъзоёни Зеркумитаи СММ оид ба пешгирии шиканҷа, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Конфронс аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» дар ҳамкорӣ бо Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҳамкор — Маркази байналмилалии рушд ва адолат — дар доираи татбиқи лоиҳаҳои зерин ташкил карда шуд:

«Пешбурди ҳуқуқҳои бунёдӣ: тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешгирии шиканҷа ва табдили маҳбасҳо баҳри ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», ФҶ «Ташаббуси Ҳуқуқӣ» ва ва ташкилоти фаронсавии Prison Insider амалӣ мегардад;

«Дастгирии муассисаҳои миллии ҳуқуқи инсон ва ММП дар пешгирии шиканҷа ва мониторинги ҷойҳои нигоҳдорӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушд (UK FCDO) маблағгузорӣ шуда, дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии рушд ва адолат (CIDJ) татбиқ мегардад.

Дар доираи ин ташаббусҳо дар Тоҷикистон гурӯҳи озмоишии мониторинги ҷойҳои маҳрумсозӣ ва маҳдудкунии озодӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он кормандони Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил мебошанд. Аъзои гурӯҳ омӯзиши амалӣ гузашта, аз воситаҳои стандартии мониторинг истифода мебаранд ва боздидҳои муштарак аз ҷойҳои маҳрумсозӣ ва маҳдудкунии озодӣ анҷом медиҳанд. Дар натиҷаи ин фаъолият ҳисоботи мукаммали мониторингӣ бо хулосаҳо ва тавсияҳо таҳия мегардад.

Бо сухани ифтитоҳӣ намояндаи Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳокимбек Содиқзода баромад намуда, қайд кард: «Барои татбиқи босамари Протоколи иловагӣ ба Конвенсия бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ё ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф моро зарур аст, ки пеш аз ба тасвиб расонидани он ислоҳоти амиқ ва низоммандро анҷом диҳем. Масъалаи тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба тасвиб расонидани Протоколи иловагӣ дар санадҳои гуногун борҳо таъкид шудааст. Новобаста аз он ки вақти зиёд сипарӣ шудааст, кӯшишҳои пайваста ва муштараки ҳукумат бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳеҷ гоҳ қатъ нашудаанд ва пешрафтҳои назаррас дар самти ба тасвиб расонидани санади зикршуда мушоҳида мешаванд».

Дар суханронии худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода таъкид намуд: «Масъалаи ба тасвиб расонидани Протоколи иловагӣ ба Конвенсия зидди шиканҷа аз соли 2012 ба Нақшаҳои миллии амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст. Дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гурӯҳҳои корӣ ва мониторингӣ таъсис дода шудаанд, ки фаъолияти онҳо метавонад ҳамчун асос барои ҷорӣ намудани Механизми миллии пешгирикунанда хизмат намояд, ки мониторинги мунтазами ҷойҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудсозии озодиро бо мақсади пешгирии шиканҷа таъмин мекунад».

Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Радослав Дарски дар сухани ифтитоҳии худ изҳор дошт: «Конфронси имрӯза худ ҳадаф нест. Он имконият медиҳад, ки фаҳмиш амиқтар гардад, нигарониҳои мавҷуда баррасӣ шаванд ва роҳи воқеӣ ва бар пояи масъулияти миллӣ барои пешрафти минбаъда муайян карда шавад. Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро ташвиқ менамояд, ки омӯзиши масъалаи батасвибрасонии ПИ КЗШ-ро бо рӯҳияи боз ва ҳадафмандона идома диҳад, инчунин тамоми ҷонибҳои манфиатдорро дар ташаккули як низоми пурқуввати пешгирикунанда ҷалб намояд».

Дар навбати худ, Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Кэтрин Смиттон таъкид намуд:
«Ман омодагии Тоҷикистонро барои тақвияти назорат аз болои ҷойҳои зери ҳабс нигоҳдорӣ истиқбол намуда, ба тасвиби ҳарчи зудтари Протоколи иловагӣ ба Конвенсия зидди шиканҷа даъват менамоям. Ин як ишораи муҳим дар бораи ислоҳот, бахусус дар низоми зиндонҳо ва қадаме ба сӯи рушди устувор хоҳад буд. Шарҳи умумии даврии дарпешистода имконияти муносиб барои тасдиқи Протокол дар доираи барномаи васеъ ва дорои ҳадафи воло мебошад».

Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвати Рамасвами изҳор дошт, ки тасдиқи Протоколи иловагӣ ба Конвенсия бар зидди шиканҷа (ПИ КЗШ) ҳамчун як абзори амалӣ ва пешгирикунанда барои кишвар марҳалаи муҳим хоҳад буд. «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай дар самти таҳкими заминаи ҳуқуқии миллӣ ва механизмҳои мониторинг дар соҳаи пешгирии шиканҷа дар доираи Конвенсия бар зидди шиканҷа, ки соли 1995 тасдиқ шудааст, тадбирҳо андешидааст. Ман даъват менамоям, ки муколама ва кӯшишҳо барои таҳкими эътимод бо мақсади суръат бахшидан ба раванди тасвиби ПИ КЗШ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон идома дода шаванд», — таъкид кард Парвати Рамасвами.

Дар ҷараёни суханронӣ дар конфронс, Сюзан Керр, роҳбари Раёсати ҳуқуқи инсон дар Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ODIHR), гуфт: «Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷузъи бисёр муҳими низоми пешгирии шиканҷа мебошад. Аз ҳамин сабаб барои мо дар ODIHR ҳамкории зич бо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бисёр аҳамият дорад. Муколама ва ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо барои пешбурди раванди доимии пешгирӣ аҳамияти ҳалкунанда доранд».

Директори ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» Наргис Зокирова қайд намуд, ки баргузории конфронс ба рушди муколамаи стратегӣ миёни мақомоти давлатӣ, вакилони парлумон, ҳокимияти судӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагони Зеркумитаи СММ оид ба пешгирии шиканҷа равона гардидааст. «Ҳадафи асосии чорабинӣ мусоидат ба раванди тасдиқи ПИ КЗШ ва баррасии қадамҳои амалии институтсионализатсияи ММП мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ мебошад», — таъкид кард ӯ.

Чорабинӣ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон тавассути FCDO, бо ҳаммаблағгузории Раёсати Комиссари олии ҳуқуқи инсони СММ ва Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА баргузор гардид.

Барои гирифтани маълумоти бештар, лутфан бо Директори ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» Наргис Зокирова тамос гиред: zokirovan@gmail.com

Лоиҳаро амалӣ менамояд:

бхр

ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният»
Хиёбони Рӯдакӣ 137, ҳуҷраи 607
734003 Душанбе, Тоҷикистон
Телефон: (+992 37) 224 41 45
Вебсайт:
www.bhr.tj
E-mail: bhr.taj@gmail.com

    

                                                                Лоиҳаро маблағгузорӣ мекунад:

есИттиҳоди Аврупо
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кӯчаи Адҳамова 74
734013 Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: (+992 37) 221 74 07, 227 10 24
Факс: (+992 37) 221 43 21
E-mail:
Delegation-Tajikistan Pic@eeas.europa.eu

 

web-clip-wide-3  twitter icon fb_icon_325x325 

Дар бораи Иттиҳоди Аврупо:

Иттиҳоди Аврупо як иттиҳоди иқтисодӣ ва сиёсист, ки 27 кишвари аврупоиро муттаҳид мекунад. Он ба арзишҳои эҳтироми шаъну шарафи инсон, озодӣ, демократия, баробарӣ, волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи ақаллиятҳо, асос ёфтааст. Иттиҳоди Аврупо дар сатҳи ҷаҳонӣ фаъолият намуда, ба рушди устувори ҷомеа, муҳити зист ва иқтисод мусоидат мекунад, то ҳамаи шаҳрвандон аз он баҳра баранд. Иттиҳоди Аврупо аз соли 1992 дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва ҳар сол тақрибан 35 миллион евро ёрии рушд пешниҳод мекунад.

 

BHR